Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз Украина хост, "тирандозиро бас кунад"


Ҳукумати Русия мегӯяд, нерӯҳои Украина бо истифода аз минамёт ва норинҷакандоз ба қаламрави Русия оташ кушодаанд. Вазорати умури хориҷӣ бо нашри як баёнияи катбӣ гуфт, “Русия расман аз Киев мехоҳад, тирандозӣ ба қаламрави Русияро мустақилро бас кунад.” Ҳукумати Украина дар гузашта ингуна иддаоҳои Маскавро рад кардааст. Айни замон даргирӣ миёни нерӯҳои давлатӣ ва ҷудоихоҳони тарафдори Русия дар шарқи Украина дигарбора монеи рафтани муҳаққиқони байналмилалӣ ба маҳалли суқути ҳавопаймои Малайзия шуд. Вазорати адлияи Ҳолланд рӯзи 29-уми июл гуфт, ҷанг дар “гирду атрофи маҳалли суқут ва роҳ ба сӯи ин маҳал” нагузошт, то мутахассисони ҳолландӣ ва Австралия аз пойгоҳашон дар шаҳри Донетск берун шаванд. Ҳавопаймои Эм Эйч 17 рӯзи 17-уми июл бо 298 мусофираш суқут кард ва тахмин мешавад, ки ин ҳавопайморо ҷудоихоҳони тарафдори Русия бо мушак сарнагун карданд.

XS
SM
MD
LG