Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Алайҳи Русия таҳримоти нав ҷорӣ мекунанд


Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Брюссел мегӯяд, Иттиҳодияи Аврупо қарор кард, ки бинобар нақши Русия дар муноқишаи Украина алайҳи 8 шаҳрванд ва чаҳор муассисаи дигари он кишвар таҳрим эъмол кунад. Қарор аст, номи онҳоро рӯзи 30-уми июл расман эълон кунанд. Интизор меравад, вазирони умури хориҷии 28 кишвари узви иттиҳодия таҳримоти ҳадафмандонаи дигар дар бахшҳои молӣ, энержӣ ва низомии Русия ҷорӣ кунанд. Мумкин аст, Иттиҳодияи Аврупо дастрасии бонкҳои Русия ба бозорҳои молии Аврупоро маҳдуд кунад, муомилот дар арсаи энержӣ бо Русия низ коҳиш дода шавад ва фурӯши силоҳ ба он кишвар мутаввақиф шавад. Иттиҳодияи Аврупо то кунун бинобар даст доштани Русия дар ҳаракатҳои ҷудоихоҳӣ дар Украина алайҳи 87 шаҳрванд ва 20 муассисаи Русия таҳрим эъмол кардааст. Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо саъй доранд, бо эъмоли таҳримоти изофӣ, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русияро маҷбур кунанд, ки аз кӯмак ба ҷудоихоҳони Русиягаро дар Украина даст кашад.

XS
SM
MD
LG