Пайвандҳои дастрасӣ

Пуштибонии нозири андоз ба ивази пул ва ду ...планшет


Як корманди шӯъбаи андози шаҳри Ваҳдат, ки аз соҳибкоре ду планшет ва маблағ ришва талаб карда буд, аз сӯи кормандони Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон боздошт шуд.

Дафтари матбуоти Оҷонсӣ рӯзи сешанбе, 29 июл, ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки корманди шӯъбаи андози Ваҳдат Фаридун Муслиҳов барои пуштибонӣ аз фаъолияти ғайриқоунунии соҳибкор Хуршед Шоев аз ӯ як планшет талаб кардааст.

Хуршед Шоев фаъолияти соҳибкории худро бидуни санади соҳибкорӣ пеш мебурдааст ва аз моҳи ноябри соли 2013 ба ин тараф сӯ нозири андоз Фаридун Муслиҳов ба ивази планшет ба ӯ сарфи назар аз надоштани патент иҷозаи фаъолият додааст. Вақте ки бори дуввум 13 июни соли равон Фаридун Муслиҳов аз Хуршед Шоев 300 сомонӣ ва боз як планшет талаб мекунад, соҳибкор ночор ба Оҷонсии зидди фасод муроҷиат кардааст.

Алайҳи нозири андоз Фаридун Муслиҳов тибқи моддаи 319-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - "ришватситонӣ аз сӯи мансабдор" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ӯ аз 26 апрели соли 2013 дар мақоми нозири андози шаҳри Ваҳдат фаъолият мекард.

XS
SM
MD
LG