Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон аз Тошканд дар бораи рабудани чӯпонҳо тавзеҳот хост


Дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҷараёни ҳодисаи ба сӯи марзбонҳои Ӯзбакистон бурда шудани рамаи гусфандон ва чӯпонҳои ҷамоати Фароби ноҳияи Панҷакент аст ва ин мавзӯъро сафорати кишвар дар Тошканд пайгирӣ мекунад. .

Абдулфайз Атоев, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон. рӯзи 29 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, "мо сафорати Тоҷикистон дар Тошкандро дар ҷараён гузоштаем ва кӯшиш дорем бо роҳи дигари муносиб бо мақомоти кишвари ҳамсоя роҳҳои баргардонидани чӯпонҳо ва рамаи онҳоро пайдо кунем». Ӯ афзуд, бори аввал нест, ки чунин ҳолат пеш меояд - дар гузашта ҳам чӯпонҳои ноҳияи Панҷакент ба тарафи Ӯзбакистон бурда шуда буданд ва онҳо баъд аз муроҷиати пайвандонашон ва бо мусоидати вазорати хориҷаву дигар ниҳодҳои кишвар раҳо карда шуданд.

Раиси ҷамоаи Фароби ноҳияи Панҷакент Шамсиддин Баҳриддинов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рабуда шудани ду чӯпон ва 1500 моли мардуми ин мавзеъ аз сӯи марзбонони Ӯзбакистонро тасдиқ кард ва гуфт, ки сарчӯпон Ашӯр Фузайлов дар ҷустуҷӯи ин чӯпон ва рамаҳо рафта низ бенишон шудааст.

То ҳол се чӯпон ва 1500 сар моли хурду калон дар қаламрави Ӯзбакистон мебошанд ва сарнавишти онҳо норӯҳшан боқӣ мемонад.

Марзбонони Ӯзбакистон субҳи 26-уми июл чӯпонҳо Мирзоулуғ Фузайлов ва Қамариддин Асриевро боздошт намуда, тақрибан 1500 сар гӯсфанду гови мардуми русто ва дигар деҳоти Панҷакентро ба ҳудуди Ӯзбакистон бурданд.

XS
SM
MD
LG