Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамринҳои низомӣ бо ширкати Тоҷикистон оғоз ёфт


Дар Қирғизистон размоиши нерӯҳои кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ шурӯъ шуд. Тамринҳои воҳидҳои низомии Тоҷикистону Арманистон, Белорусу Қазоқистон, Қирғизистону Русия бо номи “Бародарии пойдор” дар шаҳри Токмок воқеъ дар 60 километрии шаҳри Бишкек рӯзи 29-уми июл оғоз ёфт. Николай Бордюжа, дабири кулли Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ гуфт, ҳадаф аз тамринҳои низомӣ, “исботи тавоноии нерӯҳои посдори сулҳи созмон дар муқобила бо терроризм” аст. Дар размоишҳо 700 сарбозу афсар ширкат мекунанд.

XS
SM
MD
LG