Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷанг дар Навори Ғазза идома кард ва ...


Бо идомаи амалиёти нерӯҳои Исроил алайҳи тундравони созмони Ҳамос дар шаҳраки Ғазза, ҷангу даргирӣ дар инҷо идома кард. Пеш аз ин Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, гуфт, мумкин аст, ҷанг дар Навори Ғазза ҷанги тӯлоние шавад. Мақомоти фаластинӣ мегӯянд, ки рӯзи 29-уми июл як мушаки Исроил ба хонаи Исмоил Ҳания, раҳбари Ҳамос бархӯрд, вале дар онҷо касе осеб надид. Дар ҷангҳои нав дар шаҳри Рафаҳ дасти кам 6 фаластинӣ кушта шуданд ва 9 кӯдаки фаластинӣ дар натиҷаи таркиш дар урдӯгоҳи Шатӣ, дар наздикии шаҳраки Ғазза ҷон бохтанд. Мақомоти исроилӣ мегӯянд, мушаки ноқиси Ҳамос дар ин урдӯгоҳ суқут кардааст, аммо фаластиниён мегӯянд, бомби Исроил кӯдаконро куштааст. Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, рӯзи 27-уми июл ба мардуми кишвараш гуфт, ба ҷанги тӯлоние дар Ғазза омода бошанд. Дар ҷанге, ки се ҳафта пеш байни Исроил ва Ҳамос дар Навори Ғазза шурӯъ шуд, то кунун 1072 фаластинӣ ва 55 сарбози исроилӣ кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG