Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии мунтахаби Тоҷикистон ба қаҳрамонии Осиё дар Эрон


Дастаи мунтахаби футболи наврасони то 14-солаи Тоҷикистон 28-уми июл дар Эрон нахустин тамринашро баргузор кард.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-14), ки 27-уми июл ба Эрон сафар намуд, давраи хотимавии омодагиро ба мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2014 дар варзишгоҳи “Шаҳид Муфотеҳ”-и шаҳри Ҳамадон анҷом медиҳад.

Ба иттилои Федератсиони футболи Тоҷикистон рӯзи 31-уми июл бозии санҷишии футболбозони навраси тоҷик бо дастаи маҳаллии «Илму Адаб» дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё, ки аз 4-ум то 13-уми август дар шаҳри Ҳамадони Эрон баргузор мешавад, ширкат мекунад.

Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» 5-уми август бо тими Тайланд, 7-уми август бо мунтахаби Ироқ ва 9-уми август бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ бозӣ мекунад. Ба гурӯҳи «А» мунтахаби Эрон, Арабистони Саудӣ, Кореяи Шимолӣ ва Тимори Шарқӣ дохиланд.

Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври ниманиҳоӣ, ки 11-уми август баргузор мешавад, роҳ меёбанд. Бозии ниҳоӣ барои унвони қаҳрамонӣ 13-уми август баргузор мешавад.

Ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон(U-14) дар чемпионати Осиё-2014:

Дарвозабонҳо: Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»), Меҳвар Сулаймонов (РШВСМ).

Ҳимоятгарон: Шаҳром Абдуллоев, Ҳувайдо Малиев, Ҷаҳонгир Раҳматзода (ҳарсе – РШВСМ), Шаҳбоз Маҳмадуллоев, Султоншоҳ Мирзоев (ҳарду – «Энергетик»), Маъруф Ятимов («Нури Норак»).

Нимҳимоятгарон: Ваҳдат Ханонов, Аслиддин Муҳаммадиев (ҳарду – «Истиқлол»), Оятулло Сафаров, Дурахшон Рӯзибоев, Насиб Шарифов, Рустам Саидов (ҳарчор – РШВСМ), Сорбон Авғонов («Панҷшер»), Саидмухтор Азимов («Нури Норак»).

Ҳамлагарон: Умарҷон Шарифов («Вахш»), Аслам Камолов («Истиқлол»), Муҳаммад Гулаев («Кӯктош»), Юсуфҷон Ёқубов (РШВСМ), Тоҳир Малодӯстов («Саройкамар»).

Сармураббӣ: Раҷаб Расулов.

Тақвими бозиҳои чемпионати Осиё байни наврасон (U-14)

Гурӯҳи «А»: Эрон, Арабистони Саудӣ, Кореяи Шимолӣ, Тимори Шарқӣ.

Гурӯҳи «В»: Кореяи Ҷанубӣ, Тоҷикистон, Тайланд, Ироқ.

Даври 1-ум

4 август (душанбе)

15.30 – Эрон –Тимори Шарқӣ

18.30 – Арабистони Саудӣ – Кореяи Шимолӣ

5 август (сешанбе)

15.30 – Кореяи Ҷанубӣ – Ироқ

18.30 – Тоҷикистон – Тайланд

Даври 2-юм

6 август (шанбе)

15.30 – Тимори Шарқӣ –Арабистони Саудӣ

18.30 – Кореяи Шимолӣ – Эрон

7 август (панҷшанбе)

15.30 – Ироқ – Тоҷикистон

18.30 – Тайланд – Кореяи Ҷанубӣ

Даври 3-юм

8 август (ҷумъа)

18.30 – Эрон – Арабистони Саудӣ

18.30 – Кореяи Шимолӣ – Тимори Шарқӣ

9 август (шанбе)

18.30 – Кореяи Ҷанубӣ – Тоҷикистон

18.30 – Тайланд – Ироқ

Нимфинал

11 август (душанбе)

15.30 – 1 «А» - 2 «В»

18.30 – 1 «В» - 2 «А»

Финал

13 август (чоршанбе)

18.30 – Ғолиби 1 «А» /2 «В» - 1 «В»/2 «А»

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо - ба вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG