Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду медали паҳлавонони тоҷик дар «Asian Open Taipei 2014»


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи кушодаи Осиё оид ба дзюдо «Asian Open Taipei 2014» дар Тайван ду медали нуқра ба даст оварданд.

Мусобиқаи кушодаи Осиё оид ба дзюдо «Asian Open Taipei 2014» дар Тайван рӯзҳои 27-28-уми июл баргузор шуд.

Ба иттилои Федератсиони дзюдои Тоҷикистон дар нахустин мусобиқаи рейтингии олимпӣ Тоҷикистонро ду паҳлавон - Фарҳод Раҳимов дар вазни то 81 кг ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кг таҳти раҳбарии мураббии шоистаи Русияву Тоҷикистон Владимир Елчанинов намояндагӣ карданд.

Фарҳод Раҳимов дар даври аввал бар Линг Чанг-Чих (Тайван), баъдан бар Кочарат Нопачаи (Тайланд) ва барои ба финал баромадан бар Ву Ренбаген пирӯз шуд. Вале дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Ли Чангмин (Кореяи Ҷанубӣ) шикаст хӯрд. Дарвоқеъ, ин аввалин медали Фарҳод Раҳимов дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Комроншоҳи Устопириён, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дувум бар Юн Тайхюн аз Кореяи Ҷанубӣ ғолиб омад, сипас барои ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтан бар Хун Чай Гу (Кореяи Ҷанубӣ) ғалабаи соф (иппон) ба даст овард. Вале паҳлавони тоҷик дар қувваозмоии ҳалкунанда аз рақибаш Кирилл Денисови пуртаҷрибаи русиягӣ мағлуб гашт.

Ба ин тартиб, ду нафар дзюдочиёни тоҷик ба мубориза барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Бразил шурӯъ намуда, ҳар кадом соҳиби 60-имтиёзӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG