Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати мегӯяд, дар пай раҳоии чӯпонҳои рабудашуда аст


Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар робита ба бурдани рамаи сокинони ҷамоати Фароби ноҳияи Панҷакент ба тарафи Узбакистон, сафорати Тоҷикистон дар Тошкандро дар ҷараён гузоштаанд. Абдулфайз Атоев, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон имрӯз, 29 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин вазоратхона дар ҷараёни ҳодисаи ба тарафи Узбакистон бурда шудани чӯпонҳо ва гӯсфандони онҳо ҳаст ва кӯшиш дорад дар масъалаи раҳоии онҳо мусоидат кунад: «Мо сафорати Тоҷикистон дар Тошкандро дар ҷараён гузоштаем ва кӯшиш дорем бо роҳи дигари муносиб бо мақомоти кишвари ҳамсоя роҳҳи баргардонидани чӯпонҳо ва рамаи онҳоро пайдо кунем.»

Ҷаноби Атоев афзуд, ин бори аввал нест, ки чунин ҳолат пеш меояд ва дар гузашта ҳам чӯпонҳои ноҳияи Панҷакент ба тарафи Узбакистон бурда шуда буданд ва наздикони онҳо ба вазорати хориҷа муроҷиат карда ва бо мусоидати вазорати хориҷа ва дигар ниҳодҳои кишвар, чӯпонҳо раҳо карда шуданд.

Раиси ҷамоаи Фароби ноҳияи Панҷакент Шамсиддин Баҳриддинов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рабуда шудани ду чӯпон ва 1500 моли мардуми ин мавзеъро аз тарафи марзбонони Узбакистон тасдиқ кард ва мегӯяд, сарчӯпон Ашӯр Фузайлов дар ҷустуҷӯи ин чӯпон ва рамаҳо рафта низ бенишон шудааст. Ҳамин тавр се чӯпон ва 1500 сар моли хурду калон дар тарафи Узбакистон мебошанд ва то кунун аз сарнавишти онҳо хабаре нест. Марзбонони Узбакистон субҳи 26-уми июл Мирзоулуғ Фузайлов ва Қамариддин Асриевро боздошт намуда, тақрибан 1500 сар гӯсфанду гови мардуми русто ва дигар деҳоти Панҷакентро ба ҳудуди Узбакистон бурдаанд

XS
SM
MD
LG