Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷонибек – ҳомии бепуштибони адаб


Ҷонибеки Акобир, ки рӯзи 25-уми июл даргузашт.
Ҷонибеки Акобир, ки рӯзи 25-уми июл даргузашт.

Донишманди тоҷик, таърихнигор ва адабиётшинос Луқмон Бойматов аз роҳи дуре ба пайвандон ва ёрону ҳамандешони нависандаи шодравон Ҷонибеки Акобир ин паёмро фиристодааст.

Бегумон, даргузашти бародари бузургворам Ҷонибеки Акобир гарди ғам бар чеҳраи фазлу адаб пошидааст. Рӯҳи баланду поку озодаи ин марди азизи андешманд ба осмони баланд баркашида ва аҳли адабу фарҳангро бар сӯги амиқи баҳри дил фурӯ овард. Ин фиқдони бузургро самимона бар миллати худ таслият гуфта, сарафрозӣ ва шикебоиро дар ин корзори бемурувват аз эзиди маннон бар ҳамагон хосторам.

Тамоми аҳли хонаводаам устодро ба унвони дӯст ва бародари самимии хеш мешинохтем. Ёд дорам, он гоҳ, ки ҳамшаҳриёнам аз изҳори назар нисбат ба навиштаҳои фарзандам Нодир худдорӣ намуда буданд, эшон бо камоли иззат ҳомӣ ва мубаллиғи сарсахти ҳунари нависандагии писарам дар сафаҳоти маҷаллаи вазини Иттиҳоди нависандагони кишвар шуданд. Дареғ, ки фурсат бар орзуҳо раҳм намекунад ва рафтагонро баъд мешиносем.

Сурати ин марди сӯфимашраб саросар мактаби сират, сози навои эшон рози ногуфтаҳо буд. Шеваи зиндагии эшон бароям рамзи порсоӣ, номашон ёдовари зулоли покӣ, кирдорашон нишонае аз хӯйи ишқ, пиндорашон муҳаббату меҳрубонӣ бар ниёзмандон буд. Эшонро ба унвони инсони амиқан дурусткору солеҳ ва пойбанд ба арзишҳои инсониву осмонӣ мешинохтам. Кош, бар хоки меҳанам ғубори кафшҳои чунин шахсон бештар рехта мешуд!

Шоҳидем, эшон дар сахттарин даврони адаб тавонистанд бо ҳушмандӣ ҳама ҳунару қудратро барои хидмат ба ҳимояти маърифати мардум ва сарбаландии кишвару миллат ба кор гирифтанд. Эшон ҳомии маърифату фазилати инсонӣ буданд ва бо рашодати тамом дар баробари таҷаллии бумгароиву маҳалгароӣ меистоданд. Хато нахоҳам кард, агар гӯям, азизи аз дастрафта намод ва меросдори ҳамаи миллатдӯстони воқеии айём буданд. Вуҷуди эшон дар идораи маҷаллаи «Садои Шарқ» нуқтаи такия ва рӯҳи пуштбони ҳамаи адибони миллӣ буд.

Тардид надорам, бародари азиз зиндаанд то ахлоқи ҳамидаву инсон зиндааст. Эшон зиндаанд то имону покӣ зиндаанд. Эшон зиндаанд то адаби миллат зинда аст.

Дуо мегӯям, то ҳамаи бозмондагон ва дӯстони равоншод дар ин озмуни сахт, шикебову устувориро бар тақдири ҳазрати ҳаққ таслим ва музайян бар мақому сабри ҷамил дошта бошанд!

Бори дигар, аз самимият таслият мегӯям, то равони аз дастрафта дар боргоҳи амни илаҳӣ ва дар ҷавори раҳмати азими худ ҷовидон биёсояд!

Худованди карим рӯҳи рафтаро шоду биҳишти барринро насибашон бигардонад. Омин!

Луқмон Бойматов

27. 07. с. 2014.

Шведсия

XS
SM
MD
LG