Пайвандҳои дастрасӣ

Низомиёни Исроил мегӯянд, ки баъд аз партоби мушак аз ҷониби Ғазза ба қаламрави Исроил дар соатҳои аввали Иди Рамазон онҳо низ баъзе ҳадафҳоро дар Навори Ғазза мушакборон кардаанд.

Ин ҳамлаҳо 28 июл тақрибан баъд аз 12 соати танаффус дар даргириҳои миёни гурӯҳи Ҳамос ва Исроил аз сар гирифта шуд.

Ҳоло Навори Ғазза дар контроли гурӯҳи Ҳамос қарор дорад. Низомиёни Исроил, ки се ҳафта пеш баъд аз мушакандозии гурӯҳи Ҳамос амалиёти таҳоҷумиро оғоз карда буданд, мегӯянд, ки “ба оромӣ бо оромӣ ҷавоб хоҳанд дод”.

Аз сӯи дигар, Шӯрои Амнияти СММ дар иҷлоси изтирории худ 28 июл аз ҷонибҳо хост, ки “ҳарчӣ зудтар” оташбас ҷорӣ кунанд ва аз ин муноқиша, ки то ҳол дар он 1030 нафар фаластиниҳо ва 45 нафар исроилиҳо ба қатл расидлаанд, бояд пешгирӣ шавад.

XS
SM
MD
LG