Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ташдиди даргириҳо дар маҳали суқути ҳавопаймо дар Украина


Даргириҳо миёни нируҳои артиши Украина ва шӯришиёни ҷудоихоҳ дар шарқи Украина дар маҳали суқути ҳавопаймои Малайзия ташдид ёфтааст.

Ҳукумати Украина мегӯяд, ки нируҳои онҳо шаҳри Дебалтсево ва Саур-Моҳиларо дар вилояти Донетск ба контроли худ даровардаанд. Нируҳои ҳукуматӣ ҳамчунин ба шаҳракҳои Шахтарск ва Торез ворид шудаанд. Бино ба гузоришҳо, нируҳои ҳукуматӣ ҳамчунин ба шаҳри Ҳорливка наздик мешаванд.

Ташдиди даргириҳо дар ҳоле мушоҳида мешавад, ки гурӯҳҳои Ҳолланд ва Австралия бори дигар худро ба маҳали суқути ҳавопаймо расонанд. Ҳукумати Ҳолланд мегӯяд, ки гурӯҳи онҳо баъд аз инфиҷорҳо аз роҳи худ пас гаштааст. Ин гурӯҳ 27 июл натавонистааст ба маҳали суқут бирасад.

Гузоришҳо ҳокист, ки нируҳои ҳукуматии Украина дар наздикии шаҳри Первомайск дар вилояти Луҳанск ба амалиёти таҳоҷумии худ идома медиҳанд.

XS
SM
MD
LG