Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ширкати низомиёни тоҷик дар размоише дар Қирғизистон


Вазорати дифои Тоҷикистон эълон кард, ки дар размоиши нерӯҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар қаламрави Қирғизистон, таҳти унвони «Нерушимое братство -2014», сарбозону афсарони баталони посдори сулҳи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон низ ширкат мекунад. Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи душанбеи 28 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин размоиш фардо, 29 июл дар қаламрави Қирғизистон оғоз ва то 1 август идома пайдо мекунад. Ба гуфтаи ҷаноби Маҳмадалиев, ба манзури ширкат дар размоиши Қирғизистон батални посдори сулҳи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя сафар кардааст, ки аз сарбозону афсарони ботаҷруба ташкил ёфтааст. Ба ин тартиб, ба гуфтаи ҷаноби Маҳмадалиев, дар ин размоиш, нерӯҳои посдори сулҳи кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, ба хусус Русия, Арманистон, Белоррус, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ширкат хоҳанд кард.

Ҷаноби Маҳмадалиев, ҳадаф аз ин размоишро ҳамоҳангии фаъолият ва тавонмандии нерӯҳои посдори сулҳи кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ унвон кард ва гуфт, ки дар ҷараёни размоиш маҳорату малакаи нерӯҳои посдори сулҳи СПАД дар заминаи ҳифзи рӯзмараи суботу оромӣ ва ҳамчунин мудирияти ҳайати неруҳои посдор ба намоиш гузошта мешавад. Вай гуфт, ҳамчунин ҳайати нерӯҳои посдор дар амалиётҳои муштараки поксозии мин, ҳифзу дифои иншоотҳои махсусан муҳим, озодсозии гаравгонон, муқобилият ба бетартибиҳои оммавӣ ва мусоидат дар таъмини ҳуқуқи башар ширкат мекунанд. Бар иловаи низомиён, истифода аз техникаву таҷҳизоти низомӣ дар раванди баргузории размоши «Нерушимое братство - 2014» дар назар аст.

Баргузории размоиш дар қаламрави Қирғизистон дар ҳолест, ки моҳи октябри соли гузашта ҳамчунин размоише дар тамрингоҳи "Чебаркул" - и вилояти Челябинск сурат гирифта буд. Шумораи умуми ширкатдорон дар ин размоиш беш аз 2, 5 ҳазор низомӣ рақам зада мешуд ва аз 500 адад техникаву таҷҳизоти низомӣ истифода карда шуд. Зимнан, СПАД 15-уми майи соли 1992 ташкил шуда ва соли 2012 бистумин солгарди худро баргузор кард. Ҳоло баъд аз хуруҷи Узбакистон дар соли 2011 дар созмон 6 кишвар -- Арманистону Беларус, Қазоқистону Қирғизистон ва Русияву Тоҷикистон узвият доранд.

XS
SM
MD
LG