Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар набардҳо дар Горловка 13 нафар ба ҳалокат расиданд


Дар шаҳри Горловкаи вилояти Донетски Украина бар асари задухӯрдҳо 13 нафар, аз ҷумла, ду кӯдак ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора рӯзи якшанбе раёсати ҳифзи сиҳати вилоят хабар дод. Ба иттилои хабарнигорони украинӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ҷудоихоҳон таҳдид кардаанд, ки дар сурати ҳамла ба шаҳр гаравгонҳоро эъдом карда, корхонаҳои кимиёвии минтақаро метарконанд.

Аз ин пеш намояндаи Шӯрои амнияти миллӣ ва мудофиаи Украина Андрей Лисенко хабар дода буд, ки нерӯҳои ҳукуматӣ дар канори Горловка мустақар шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, низомиён талош доранд, ки шаҳрро муҳосира кунанд, то аз пайвастани ҷудоихоҳон бо дигар гурӯҳҳо ҷилавгирӣ намоянд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, дар задухӯрдҳо дар Авдеевка дасти кам панҷ нафар кушта шудаанд. Даргириҳо дар канори Первомайск ва Дебалсево низ идома доранд.

XS
SM
MD
LG