Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲАМОС ба оташбас бо Исроил дар Ғазза розӣ шуд


Гурӯҳи ҲАМОС ба оташбаси 24-соата бо Исроил дар навори Ғазза розӣ шуд. Намояндаи ин гурӯҳ Самӣ Абу Зуҳрӣ рӯзи 27 июл гуфт, ки онҳо дар посух ба дахолати СММ ва ба шарафи Иди Фитр барои оташбаси 24-соата шурӯъ аз соати 2-и баъд аз зӯҳри рӯзи якшанбе розӣ шуданд.

Аз ин пеш Исроил баъд аз мушакборони навбатии қаламрави кишвар аз сӯи ҲАМОС амалиёти низомӣ дар навори Ғаззаро аз сар гирифт. Низомиён гурӯҳи ҲАМОС-ро дар он айбдор карданд, ки бо вуҷуди оташбаси чандсоата мушакборони қаламрави Исроилро идома дод.

Қаблан фаластиниҳо пешниҳоди оташбас барои 24 соатро рад карда гуфтанд, оташбасеро, ки дар он сарбозони исроилӣ аз хоки Ғаза хориҷ нашаванд ва мардуми оддӣ натавонанд ба манзилҳояшон баргарданду маҷрӯҳон ба ҷойи амн интиқол ёбанд, қабул надоранд.

Дар 19 рӯзи амалиёти низомии Исроил дар Ғаза беш аз ҳазор фаластинӣ, асосан мардуми осоишта ва занону кӯдакон ба ҳалокат расиданд. Дар задухӯрдҳо 43 сарбози исроилӣ ҳам кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG