Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари нозирон ба ҷойи суқути Боинг-777 ба таъхир уфтод


Макони суқути ҳавопайморо ҷудоихоҳон ҳимоят мекунанд
Макони суқути ҳавопайморо ҷудоихоҳон ҳимоят мекунанд

Идомаи даргириҳо миёни артиши Украина ва ҷудоихоҳон монеъаи сафари нозирони байнулмилалӣ ба ҷойи суқути ҳавопаймои Боинг-777 шуд.

Александр Ҳуг, муовини раҳбари ҳайати Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Украина дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Донетск гуфт, ки дар наздикиҳои ҷойи суқути ҳавопаймо даргириҳо идома доранд ва чун вазъ амн нест, сафар то рӯзи душанбе мавқуф гузошта шуд.

Аз ин пеш мақомоти Малайзия ва раҳбари ҷудоихоҳони рустабор дар шарқи Украина Александр Бородай дар мавриди ба макони суқути ҳавопаймои Боинг-777 фиристодани нерӯҳои байнулмилали полис ба созиш расиданд. Дафтари нахуствазир Наҷиб Раззоқ рӯзи 27 июл хабар дод, ки гурӯҳҳои полис метавонанд аз рӯзи якшанбе ба минтақаи суқути ҳавопаймо раванд. Зимнан, маҳз Александр Бородай “қуттиҳои сиёҳ”-и Боинги суқуткардаро дар ихтиёри Малайзия гузошта буд.

Қарор аст, ки кормандони полиси Ҳуланд ва Австралия макони суқути ҳавопайморо таҳти ҳимоят бигиранд. Австралия барои ҳимояти ҷойи суқути ҳавопаймо 190 корманди полисро мефиристад.

Ҳавопаймои Боинг-777, ки дар масири Амстердам-Куала-Лумпур парвоз мекард, рӯзи 17 июл дар ҳарими ҳавоии шарқи Украина суқут кард. Дар ин ҳодиса ҳамаи 298 мусофир ва аъзои экипаж ба ҳалокат расиданд. Таҳқиқи сабабҳои рӯй додани ин фоҷиа идома дорад.

XS
SM
MD
LG