Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шойбле: Барои мо суботи сиёсӣ дар Аврупо авлотар аст


Волфганг Шойбле

Волфганг Шойбле

Волфганг Шойбле, вазири молияи Олмон, мегӯяд, ки дар мавзӯи ташдиди таҳримҳо алайҳи Русия манфиатҳои кишвараш “дуввумдараҷаанд”. Изҳороти вазир рӯзи 27 июл дар нашрияи Bild am Sonntag чоп шуд.

Волфганг Шойбле гуфтааст, ки агар ӯ ва вазири иқтисод Зигмар Габриэл сари зиёни таъсири таҳримҳо ба манфиатҳои иқтисодии Олмон тамаркӯз кунанд, онҳо вазирони баде хоҳанд буд. Ба гуфтаи вазири молия, ба манфиатҳои Олмон аз таъсири таҳримҳои иқтисодӣ ба бархе аз соҳаву ширкатҳои бузург дида, бесуботии сиёсӣ дар Аврупо хатари бештар дорад.

Шойбле таъкид кардааст, ки таҳримҳо аллакай ба Русия таъсир расонидаанд. “Қурби рубл поин меравад, касри буҷаи Русия афзоиш меёбад, рушди иқтисодӣ ҳам ба таври дилхоҳ нест. Инро раисиҷумҳури Русия ҳам мебинад”, гуфтааст вазир ба Bild am Sonntag.

Рӯзи шанбе вазири умури хориҷии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер хостори қабули ҳарчӣ тезтари таҳримҳо алайҳи иқтисоди Русия шуд. Ба гуфтаи ӯ, Олмон алайҳи бахшҳои алоҳидаи иқтисоди Русия таҳримҳо ҷорӣ хоҳад кард.

Мавзӯи ташдиди таҳримҳо алайҳи Русия рӯзи 28 июл дар нишсте дар Брюссел баррасӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG