Пайвандҳои дастрасӣ

Толибон ба манзили раиси полиси Қандаҳор ҳамла карданд


Дар ҳамлаи мусаллаҳони “Толибон” ба манзили раиси полиси вилояти Қандаҳор як сокини осоишта ва як полиси марзбонӣ кушта шуданд.

Зиё Дурронӣ, намояндаи раёсати полиси вилояти Қандаҳор, гуфт, ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳ рӯзи якшанбе 27 июл аз бинои мактабе шурӯъ шуд, ки дар канори манзили раиси полис Абдул Раззоқ бунёд мешавад. Ба гуфтаи Дурронӣ, ҳамаи шаш ҳамлагар қабл аз вуруд ба манзили раиси полис кушта шуданд.

Қорӣ Юсуф Аҳмадӣ, намояндаи “Толибон”, ба расонаҳои хабарӣ гуфт, ки ин ҳамларо мусаллаҳони ин ҷунбиш анҷом додаанд.

XS
SM
MD
LG