Пайвандҳои дастрасӣ

Маскав аз таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо изҳори нигаронӣ кард


Мақомоти Русия таҳримҳои нави Иттиҳодияи Аврупо алайҳи мансабдорони аршад ва корхонаву муассисаҳоро чун “таҳдид ба барномаҳои муборизаи муштарак бо терроризм ва паҳншавии силоҳи ҳастаӣ” арзёбӣ карданд.

Дар иттилоъияи вазорати умури хориҷаи Русия, ки рӯзи шанбе нашр шуд, омадааст, таҳияи ин таҳримҳо комилан пойбанди Вошингтон ва афсонаҳои Киев дар бораи ҳаводиси Украина шудани Иттиҳодияи Аврупоро собит мекунад. “Феҳристи иловагии таҳримҳо намоиш медиҳад, ки кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо сӯи пурра қатъ кардани ҳамкорӣ бо Русия дар масоили амнияти байнулмилалӣ ва минтақаӣ, ба шумули мубориза бо паҳншавии силоҳи қатли ом, терроризм, ҷинояткории муташаккил ва дигар таҳдидҳо роҳ пеш гирифтаанд”, мутмаин аст идораи сиёсати берунаи Русия.

Иттиҳодияи Аврупо рӯзи шанбе як зумра мансабдорони воломақоми Русияро барои даст доштан дар бӯҳрони Украина мавриди таҳрим қарор дод. Феҳристи иловагӣ 15 мансабдор ва 18 созмону ширкату корхонаро дарбар мегирад. Ба феҳристи таҳримҳо, аз ҷумла, раиси Хадамоти федеролии амнияти Русия Александр Бортников, раиси Хадамоти кашфи беруна Михаил Фрадков, раисиҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров, дабири Шӯрои амният Николай Патрушев, муовини ӯ Рашид Нургалиев, узви Шӯрои амният Борис Гризлов, раҳбари яке аз раёсатҳои Хадамоти федеролии амният Сергей Беседа, вакили Думаи давлатӣ Михаил Дегтярев ва волии вилояти Краснодар Александр Ткачев шомиланд.

XS
SM
MD
LG