Пайвандҳои дастрасӣ

Вазирон хостори тамдиди оташбас дар навори Ғазза шуданд


Вазирони умури хориҷии Амрико, кишварҳои Аврупо ва Ховари Миёна хостори тамдид кардани оташбаси башарии 12-соата миёни Исроил ва гурӯҳи фаластии ҲАМОС дар навори Ғазза шуданд.

Дар ин бора вазири умури хориҷии Фаронса Лоран Фабиус рӯзи 26 июл баъд аз музокирот бо ҳамтоҳои худ аз Амрико, Бритониё, Олмон, Италия, Қатар, Туркия ва Иттиҳодияи Аврупо хабар дод. Музокирот дар Порис багузор шуд.

Рӯзи ҷумъа Исроил пешниҳоди Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, барои оташбаси 7-рӯзаро рад кард. Аммо Исроил ва ҲАМОС барои оташбаси муваққат ба хотири аз минтақаи низоъ берун кардани маҷрӯҳон розӣ шуданд. Соатҳои аввали баъд аз оташбас аз зери харобаҳои манзилҳо дар навори Ғазза ҷасадҳои 76 фаластинӣ берун карда шуд.

Аз оғози ин низоъ дар рӯзи 8 июл, бар пояи иттилои ахир, беш аз ҳазор тан аз фаластиниҳо, асосан, мардуми осоишта, ҷон бохтанд. Дар задухӯрдҳо 37 сарбози исроилӣ ҳам кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG