Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳримҳои Брюссел алайҳи Маскав. Посухи сазовор ё "демарш"-и сиёсӣ?


Мақомоти Русия таҳримҳои нави Иттиҳодияи Аврупо алайҳи мансабдорони аршад ва корхонаву муассисаҳои кишварро чун “таҳдид ба барномаҳои муборизаи муштарак бо терроризм ва паҳншавии силоҳи ҳастаӣ” арзёбӣ карданд.

Дар изҳороти вазорати умури хориҷаи Русия, ки рӯзи шанбе, 26 июл, нашр шуд, омадааст, таҳияи ин таҳримҳо "комилан пойбанди Вошингтон ва афсонаҳои Киев дар бораи ҳаводиси Украина" шудани Иттиҳодияи Аврупоро собит мекунад. “Феҳристи иловагии таҳримҳо намоиш медиҳад, ки кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо сӯи пурра қатъ кардани ҳамкорӣ бо Русия дар масоили амнияти байнулмилалӣ ва минтақаӣ, ба шумули мубориза бо паҳншавии силоҳи қатли ом, терроризм, ҷинояткории муташаккил ва дигар таҳдидҳо роҳ пеш гирифтаанд”, мутмаин аст идораи сиёсати берунаи Русия.

Иттиҳодияи Аврупо рӯзи шанбе як зумра мансабдорони воломақом ва ширкату муассисаву ниҳодҳои Русияро барои даст доштан дар бӯҳрони Украина мавриди таҳрим қарор дод. Феҳристи иловагӣ 15 мансабдор ва 18 созмону ширкату корхонаро дарбар мегирад. Ба феҳристи таҳримҳо, аз ҷумла, раиси Хадамоти федеролии амнияти Русия Александр Бортников, раиси Хадамоти кашфи беруна Михаил Фрадков,

Александр Бортников ва Дмитрий Медведев
Александр Бортников ва Дмитрий Медведев

раисиҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров, дабири Шӯрои амният Николай Патрушев, муовини ӯ Рашид Нургалиев, узви Шӯрои амният Борис Гризлов, раҳбари яке аз раёсатҳои Хадамоти федеролии амният Сергей Беседа, вакили Думаи давлатӣ Михаил Дегтярев ва волии вилояти Краснодар Александр Ткачев шомиланд. Гуфта мешавад, ки Рамазон Қодировро барои изҳори омодагияш дар мавриди ба шарқи Украина фиристодани 74 ҳазор ихтиёриён ва Александр Ткачевро барои пуштибонияш аз илҳоқи Қрим ба Русия ба феҳрист ворид кардаанд. Шаш тан аз раҳбарони ҷудоихоҳон дар шарқи Украина, аз ҷумла, яке аз масъулони Ҷумҳурии худхондаи Донетск Павел Губарев ва хонуми ӯ Екатерина Губарева низ шомил ба феҳристи таҳримҳоянд. Ҳамаи онҳо дар халал ворид кардан ба якпорчагии Украина гумонбар мешаванд.

Ба феҳрист нӯҳ ширкату муассисаи воқеъ дар нимҷазираи Қрим ва нӯҳ ниҳоде, ки ҷудоихоҳон мустақилияти онҳо аз Киевро эълом доштанд, аз ҷумла, Ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луҳанск, Новороссия, гурӯҳҳои низомии ҷудоихоҳони рустабор амсоли “Артиши Ҷанубу Шарқ”, баталёни “Восток”, “Собол”, “Артиши бузурги Дон” ҳам ворид карда шудаанд.

Акнун дар феҳристи таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо 87 мансабдор ва 20 созмону гурӯҳ ва ширкат ҷой дорад. Ба мансабдорон вуруд ба қаламрави Иттиҳодияи Аврупо манъ шуда, ҳисобҳои бонкии онҳо ва ширкатку муассисаҳо дар кишварҳои узви Иттиҳодия мунҷамид мешаванд. Ба тоҷирони аврупоӣ робитаи корӣ бо афроду ширкатҳои ворид ба феҳрист манъ шудааст.

Павел Фелгенгауэр, таҳлилгари руси муқими Маскав, мегӯяд, ки таҳримҳои ахир бештар “демарш”-и сиёсиянд ва барои иқтисоди Русия таъсири ҷиддие надоранд. Дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ӯ афзуд, таҳримҳо, албатта, барои Русия мушкилиҳое эҷод мекунанд, вале дар Маскав бештар аз он нигаронанд, ки таҳримҳои хело ҷиддитар ва

Павел Фелгенгауэр
Павел Фелгенгауэр

миёншикан барои иқтисоди кишвар дар пешанд. Ба гуфтаи мусоҳиби мо, "мушкили воқеъӣ он вақт ба миён меояд, ки иқтисоди Русия ба мушкили дарёфти сармоягузорӣ аз Ғарб мувоҷеҳ шавад. Ин хатар ҳарчӣ ҷиддитар мешавад, аз як сӯ, хуруҷи сармоя аз Русия идома дорад ва аз сӯи дигар ширкатҳои русӣ, ки ба сармоягузорӣ аз Ғарб одат кардаанд, дучори мушкил шудаанд ва оянда ин мушкил эҳтимолан бузургтар мешавад. Низоми бонкии Русия ҳам ба мушкили дастрасӣ ба сармояи ғарб рӯ ба рӯ мешавад, алҳол ин дастрасӣ қатъ нашудааст, аммо эҳтимоли он мавҷуд аст, ки ба думболи ин гуна таҳримҳои “намоишӣ” Ғарб аз таҳримҳои ҷиддитари иқтисодӣ, ва қабл аз ҳама, аз таҳримҳои молиявӣ, кор мегирад.

Павел Фелгенгауэр гуфт, ворид нашудани сармоя зарбаи воқеъан ҷонкоҳе ба иқтисоди Русия хоҳад буд. Ӯ афзуд, қарор аст, ки намояндагони Иттиҳодияи Аврупо дар нишасте дар Брюссел рӯзи 28 июл домани таҳримҳо алайҳи Русияро густариш диҳанд. Аммо, ба гуфтаи оғои Фелгенгауэр, Брюссел бахшҳои нафту гази Русия таҳрим нахоҳад кард, зеро баъзе аз кишварҳои узви Иттиҳодия пойбанди маводи сӯхти русиянд. Аз нигоҳи мусоҳиби мо, Брюссел барои маҳдудсозии содироти технология ё фанновариҳо ба бахшҳои нафту гази Русия талош мекунад.

XS
SM
MD
LG