Пайвандҳои дастрасӣ

Обама: Аз вуруди ғайриқонунии кӯдакон ба ИМА ҷилавгирӣ шавад


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, ба раҳбарони давлатҳои Амрикои Марказӣ хабар дод, ки ҳама кӯдакони ғайриқонунӣ марзи кишварро убуркарда ба ватанҳояшон баргардонида мешаванд. Ӯ дар Кохи Сафед рӯзи шанбе бӯҳрон дар марзҳои ҷанубии Амрикоро бо сарони Гватемала, Ҳондурас ва Салвадор баррасӣ кард.

Ба иттилои расмӣ, шурӯъ аз моҳи октябри соли гузашта дар марзҳои ҷанубии Амрико беш аз 50 ҳазор кӯдакон боздошт шуданд, ки бештари онҳо бидуни роҳбаладии волидон талоши вуруд ба ИМА-ро кардаанд. Барак Обама хостори он шуд, ки кишварҳои ҳамсоя пеши роҳи фирори кӯдакон ба Амрико бигиранд. Бештари кӯдакон бар асари фақирӣ ва ҷинояткорӣ дар кишварҳояшон талоши ба Амрико рафтанро мекунанд.

Барак Обама аз Конгресси ИМА хост, ки барои барномаи ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати кӯдакон ба Амрико 3,7 миллиард доллар ҷудо кунад.

XS
SM
MD
LG