Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷойи суқути "Боинг"-ро полиси Ҳуланд ва Австралия ҳимоят мекунад


Ҳавопаймо бо ҷасадҳои қурбониён дар яке аз фурудгоҳҳои Ҳуланд пойин мешавад

Ҳавопаймо бо ҷасадҳои қурбониён дар яке аз фурудгоҳҳои Ҳуланд пойин мешавад

Гурӯҳи кормандони полиси низомии Ҳуланд вориди шаҳри Харкови Украина шуданд, то ҳамроҳ бо полиси Австралия макони суқути ҳавопаймои “Боинг-777”-и ширкати ҳавопаймоии Малайзияро ҳимоят кунанд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, онҳо бидуни силоҳ ба Украина омадаанд.

Аз ин пеш нахуствазири Австралия Тони Эббот изҳор намуд, ки дар ҷойи ҳодиса ҳанӯз ҳам ҷасадҳои мусофирону аъзои экипаж боқӣ мондаанд ва муфаттишони кишвараш чанд ҷасадро ошкор кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, Австралия барои ҳимояти ҷойи суқути ҳавопаймо 190 корманди полисро мефиристад. Минтақаи суқути "Боинг" таҳти назорати ҷудоихоҳони рустабор қарор дорад.

Мақомоти Украина мегӯянд, ки то ҳол ҷасади тақрибан 200 нафар аз қурбониёни ҳодисаро пайдо кардаанд. Қарор аст, ки рӯзи шанбе охирин ҳавопаймо бо ҷасадҳои қурбониён аз Харков ба шаҳри Ҳейги Ҳуланд парвоз кунад. Ташхиси ҳуввияти онҳо дар ҳамин шаҳр сурат мегирад.

Боинг-777-и ширкати ҳавопаймоии Малайзия, ки дар хатсайри MH17 аз Амстердам ба Куала-Лумпур парвоз мекард, рӯзи 17 июл дар ҳарими ҳавоии шарқи Украина суқут кард. Аз 298 мусофиру аъзои экипаж аз ҳама бештар - 193 нафар шаҳрвандони Ҳуланд буданд

XS
SM
MD
LG