Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори даҳҳо сарбози ҳукуматӣ дар шимоли Сурия


Дар вилояти Раккаи Сурия дасти кам 50 сарбози нерӯҳои ҳукуматӣ кушта шуданд. Ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия, ки дар шаҳри Косентрии Бритониё мустақаранд, рӯзи 26 июл бо такя ба манбаъҳои худ дар Сурия хабар дод, ки сарбозон ғофилгир шуданд ва муҷоҳидон онҳоро сар буриданд. Ин ҳодиса дар вилояти Ракка, дар воҳаи руди Эфрот, дар шимоли Сурия рӯй дод, ки он ҷо пойгоҳҳои гурӯҳи “Давлати исломии Ироқ ва Шом” ҷойгир шудаанд.

Мусаллаҳони ин гурӯҳ мегӯянд, ки онҳо тақрибан 75 низомии суриягиро асир гирифта ва эъдом кардаанд.

Ҳукумати Димишқ ва манбаъҳои наздик ба он то ҳол ин хабарро ташреҳ накардаанд.

XS
SM
MD
LG