Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эмомалӣ Раҳмон аз мардум хост сариштакор бошанд


Раиси ҷумҳур дар паёми телевизионии худ ба муносибати Иди Фитр даъват кард, ки дар ин рӯз мардум сариштакор бошанд ва ба намоишкориву исрофкорӣ роҳ надиҳанд ва барои оростани дастурхони маънавӣ, яъне анҷом додани амалҳои нек, панду насиҳати наврасону ҷавонон ва дароз кардани дасти кӯмак ба ятимону маъюбон, пирону ранҷурон, ниёзмандону оилаҳои камбизоат ва дигар амалҳои хайр кӯшиш кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин гуфт, ки давлат ва ҳукумати Тоҷикистон бар пояи Қонуни асоси озодии эътиқод ва виҷдонро ҳифз менамояд ва риояи онро кафолат медиҳад. Ба гуфтаи ӯ ҳукумати Тоҷикистон арзишҳои дини мубини ислом доир ба дастгирии ятимону маъбон ва камбизоатон густариш хоҳад дод. Ӯ аз ҷумла гуфт, "ислом дини инсофу адолат, сулҳу амният, талқингари ахлоқи ҳамида ва маънавияти созанда буда, ҳама гуна аъмоли зишту харобиовар, озору шиканҷа, хушунату зӯроварӣ ва қатлу ғоратро маҳкум менамояд ва хилофи зуҳуроти манфию таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм мебошад."

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ бо ёдовари аз даврони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, гуфт ки сулҳу салоҳ ва ризоияти миллӣ бо ивази хисороти ҷониву молии зиёде ба даст омадааст. Аз ин рӯ аз мардум даъват кард, ки барои сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ даст ба дуои хайр бардоранд. Ӯ ҳамчунин аз мардум даъват кард, ки дар ин рӯз ба ятимону маъюбон ва тангдастону нодорҳо кӯмаки худро дареғ надоранд.

XS
SM
MD
LG