Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди ҳайати НАТО аз Гурҷистон давом дорад


Ҳюг Бейлей

Ҳюг Бейлей

Ҳюг Бейлей-раиси Маҷмаи порламонии НАТО мегӯяд, ки созмони онҳо аз ҳамгароии Гурҷистон ба НАТО ҳимоят мекунад. Бейлей сарпарастии ҳайати намояндагии НАТО-ро бар уҳда дорад. Ин ҳайат 25 июл вориди Тифлис-пойтахти Гурҷистон шуд.

Бейлей баъд аз вурудаш ба Тифлис гуфт, маҷмаи порламонӣ аз раҳбарони 28 кишвари узви НАТО хостааст, ки роҳҳои ҳамгароии Гурҷистон ба ин паймонро ҳамвор кунанд.

Гурҷистон узвият дар НАТО-ро дар садри барномаҳои сиёсати хориҷии худ қарор додааст. Соли 2008 НАТО қавл дод, ки Гурҷистон саранҷом узви НАТО хоҳад шуд ва соли 2011 онро ҳамчун кишвари “довталаб” қабул кард.

Боздиди ҳайати паймони НАТО аз Гурҷистон 26 июл ба поён мерасад.

XS
SM
MD
LG