Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Украина 325 сарбозу афсар дар ҷангҳо кушта шудаанд


Низомиёни Украина мегӯянд, ки аз замони оғози амалиёти зиддитеррористӣ дар минтақаҳои шарқии Луҳанску Донетск дар давоми ду моҳи охир 325 сарбозу афсар кушта шудаанд.

Андрей Лисенко-сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Украина ба хабарнигорон гуфт, ки 1232 сарбозу афсари дигар дар ҷангҳо бар зидди ҷудоихоҳон ҷароҳат бардоштаанд. Ба ин арқом 13 нафар низомӣ ва 19 захмии рӯзи ахир низ дохил мешаванд. Дар ин даргириҳо ҳамчунин садҳо нафар ҷудоихоҳон ва даҳҳо нафар сокинон кушта шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, Ожонси паноҳҷӯёни СММ 25 июл гуфтааст, ки аз оғози даргириҳо дар Украина 230 ҳазор нафар аз маҳали зисти худ фирор карданд. Аз онҳо 100 ҳазор нафар ба минтақаҳои дигари Украина ва 130 ҳазор нафар ба Русия рафтаанд.

XS
SM
MD
LG