Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ба бозии дӯстона бо Малайзия


Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон, рӯзи 25-уми июл ҳайати дастаашро ба бозии дӯстона бо тими миллии Малайзия эълон кард.

Cармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон ҳайати дастаашро ба бозии дӯстона бо тими миллии Малайзия, ки рӯзи 8-уми август дар Душанбе баргузор мешавад, эълон кард.

Мӯҳсин Муҳаммадиев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “мо омодагиро ба бозии дӯстона бо мунтахаби Малайзия рӯзи сешанбе, 29-юми июл, шурӯъ мекунем. Ҷамъомади таълимиву тамринии даста аввал дар урдугоҳи Академияи футболи “Истиқлол”, дар дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор, баргузор мешавад. Аз 4-уми август дар Душанбе тамрин мекунем. Ба ҳайати дастаи мунтахаб 23 бозигарро даъват кардаем, ки дар байни онҳо бозигарони нав ҳам ҳастанд. Кӯшиш мекунем, ки ба ин бозӣ хуб омода шавем.”

Ба гуфтаи Мӯҳсин Муҳаммадиев дар байни даъватшудагон ду легионер ҳастанд. Яке Давронҷон Эргашеви 26-сола, ҳимоятгари тими «Жетису»-и Қазоқистон ва дигаре Нозим Бобоҷонов-и 18-сола, нимҳимоятгари «Рубин»-и Қазон, мебошанд. Дарвоқеъ, Нозим барои аввалин бор бадастаи мунтахаб даъват шудааст. Вай хатмкардаи Маркази омодагии футболбозони ҷавони «Рубин” мебошад. Соли гузашта вай дар ҳайати ҷавонони «Рубин» 22 бозӣ карда, як гол задааст. Рӯзҳои ахир ӯ дар ҳайати ҷавонони «Арсенал»-и Тула аз санҷиш мегузашт.

Ҳайати мунтахаби футболи Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»).

Ҳимоятгарон: Давронҷон Эргашев («Жетису», Қазоқистон), Ҷаҳонгир Ҷалилов, Сиёвуш Асроров, Наим Ӯлмасов, Аҳтам Назаров, Эраҷ Раҷабов, Соҳиб Саванқулов (ҳама аз «Истиқлол»), Идибек Ҳабибуллоев («Хайр»).

Нимҳимоятгарон: Хуршед Маҳмудов, Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ромиш Ҷалилов (ҳарчор аз «Истиқлол»), Иброҳим Рабимов («Энергетик»), Амирбек Ҷӯрабоев («Хайр»), Фаридун Шарифов (ССКА «Помир»), Нозим Бобоҷонов («Рубин», Русия).

Ҳамлагарон: Фарҳод Тоҳиров («Парвоз»), Дилшод Восиев, Комил Саидов, Ҷаҳонгир Эргашев (ҳарсе аз «Истиқлол»), Ақтам Ҳамроқулов (бе бошгоҳ).

XS
SM
MD
LG