Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Парвандаи зидди Зюганов ва Жириновский дар Украина


Геннадий Зюганов

Геннадий Зюганов

Вазорати дохилаи Украина бар зидди Геннадий Зюганов-раҳбари Ҳизби Куммунисти Русия ва Владимир Жириновский миллатгарои Русия парванда боз кардааст.

Зориан Шкиряк-мушовири вазири дохилаи Украина 25 июл гуфт, ин ду сиёсатмадори Русия “барои сармоягузорӣ дар таблиғоти зидди тамомияти арзии Украина ва тағир додани хати марзи давлатии ин кишвар гумонбар дониста мешаванд.

22 июл Арсен Аваков-вазири дохила эълон карда буд, ки расидагӣ бар зидди Сергей Шойгу-вазири дифои Русия ва Константин Малофеев-соҳибкори Русия ба гумони ташкили гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ дар қаламрави Украина оғоз шудааст.

Пештар мақомоти Русия эълон карда буданд, ки бар зидди Аваков ва Игор Коломойский-раиси вилояти Днепропетровск барои оғози амалиёти ғайриқонунии низомӣ ва рабудани рӯзноманигор ва маҳдуд кардани фаъолияти рӯзноманигорӣ расидагиро шуруъ кардааст.

XS
SM
MD
LG