Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигарониҳо аз саломатии вакили мудофеъ дар Қазоқистон


Зинаида Мухортова

Зинаида Мухортова

Бино ба гузоришҳо, саломатии Зинаида Мухортова-вакили мудофеи Қазоқистон, ки иҷборан дар бемористони бемориҳои равонӣ бистарӣ кардаанд, рӯз то рӯз бад мешавад.

Наталя Абент-хоҳари Мухортова 25 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки чашмони Зинаида сурх шудаанд ва вай аз беҳолӣ наметавонад ҳаракат кунад. Наталя мегӯяд, сабаби бад шудани саломатии хоҳараш доруҳоест, ки клиникаи ин бемористон ба вай медиҳад.

Мухортова 2 июл баъд аз бозгашт аз Балхаши Русия боздошт ва дар ин бемористон бистарӣ шуд. Вай 56 сола аст ва моҳи декабри соли гузашта аз Қазоқистон фирор кард, зеро додгоҳи Қарағанда дархости вайро дар бораи қатъи муолиҷаи равонӣ напазируфт.

Мухортоваро соли 2012 ва 2013 ду бор водор карданд, ки вай бояд муолиҷаи равонӣ бигирад. Вай мегӯяд, ҳамаи корҳое, ки бар зидди вай анҷом мегирад, падидави сиёсӣ дорад.

XS
SM
MD
LG