Пайвандҳои дастрасӣ

Қурмонбек Боқиев ба ҳабси абад маҳкум шуд


Қурмонбек Боқиев

Қурмонбек Боқиев

Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон дар ғиёбаш ба ҳабси абад маҳкум шуд. Вайро барои даст доштан дар куштори эътирозгарони соли 2010 муттаҳам медонанд.

Додгоҳи низомии Бишкек бародари вай Ҷаниш Боқиевро, ки фармондеҳи горди раёсати ҷумҳурӣ буд ва ҳамчунин Дониёр Усенов-нахуствазири пешинро дар ғиёбашон 25 июл ба ҳабси абад маҳкум кард.

25 нафари дигар, ки дар миёни онҳо хешовандони Боқиев низ ҳастанд, аз 6 сол то 25 сол ҳукми диндон гирифтанд. Онҳо ё барои тирандозӣ ба сӯи эътирозгарон ва ё барои содир кардани дастури тирандозӣ гунаҳгор дониста мешаванд.

Дар ин тирандозиҳо дар майдони марказии Бишкек тақрибан 100 нафар кушта, 400 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.

Ин мурофиаҳои додгоҳӣ соли 2011 оғоз шуда буд. Боқиев бо чанд нафар аз аъзои оилааш дар Беларус ба сар мебарад.

XS
SM
MD
LG