Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳройсман нахуствазири муваққати Украина эълон шуд


Володимир Ҳройсман

Володимир Ҳройсман

Ҳукумати Украина ба таври расмӣ Володимир Ҳройсманро кафили нахуствазири ин кишвар муаррифӣ кард. Дар эъломияе, ки ҳукумат 25 июл мушташир сохт, гуфта мешавад, ки ин тасмим баъд аз истеъфои Арсений Ятсенюк аз мақоми нахуствазирӣ гирифта шудааст. Аммо раиси ҷумҳури Украина мегӯяд, ки то ҳол дар бораи истеъфои Ятсенюк ариза ё номаи дархост нагирифтааст.

Ҳройсман 36 сола аст ва аз моҳи феврал ба ин сӯ муовини нахуствазир ва вазири рушди минтақаҳо буд. Ятсенюк 24 июл дар порламон истеъфои худро эълон кард ва тавзеҳ дод, ки эътилофи порламонӣ аз ҳам пошид ва “ташаббусҳои кобина дастгирӣ наёфт”.

Ду ҳизби эътилофи аслии порламонӣ аз эътилоф хориҷ шуданд ва ба ин тартиб барои Петро Порошенко-раиси ҷумҳур замина фароҳам омад, ки омодагӣ ба эълони интихоботи нави порламониро оғоз намояд.

Интизор мерафт, ки интихоботи нави порламонӣ аз моҳи феврал ба ин сӯ баъд аз барканории Виктор Янукович аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ эълон шавад.

Ҳройсман соли 2006 дар Виннитса шаҳрдор интихоб шуда буд.

XS
SM
MD
LG