Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти Интерпол дар мавзӯи «Қочоқи маводи ҳастаӣ»


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабармедиҳад, ки таи ду рӯзи ахир дар пойтахт бо ибтикори намояндагони мудирияти кулли Интерпол бо ширкати намояндагони Интерпол аз 10 кишвари ҷаҳон нишасте дар масъалаи «Қочоқи маводи ҳастаӣ» баргузор гардид

Дафтари матбуоти ВКД рӯзи 25 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин ҳамоиш масъалаи дарёфт ва безараргардонии маводҳои радиоактивӣ, ошкорсозӣ ва муайян намудани дараҷаи амнияти маводи ҳастаӣ, вазъи хариду фурӯши маводҳои ҳастаӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин ҳамоиши баҳси маводи ҳастаӣ намояндагони вазоратҳои корҳои дохилии 10 кишвар, аз ҷумла Ҳиндустон, Бангладеш, Ироқ, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Молдова ва Афғонистон ҳузур доштанд.

Тавре ВКД мегӯяд, дар ин ҳамоиш Ровланд Марк, намояндаи мудирияти кулли Интерпол дар мавзӯи «Базаи байналмилалии ҳуқуқӣ оиди терроризми ҳастаӣ» гузориш додааст. Ҳамчунин намояндагони Тоҷикистон ва кишварҳои дигар оид ба мавзӯъҳои «Омодагӣ ба ҳолатҳои изтирорӣ ва бозрасии радиатсионӣ ва назорати радиометрӣ дар марзи Тоҷикистон», «Бартарафсозии ҳолатҳои фавқуллода оиди маводҳои радиоактивӣ» ва «Инъикос ва ошкорсозии маводи радиоактивӣ» суханронӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG