Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Терминали нави фурудгоҳ рӯзи 6 сентябр ифтитоҳ мешавад


Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мегӯяд, ки давоми 6 моҳи ахир ба будҷаи давлат 33,1 миллион сомонӣ ворид кардааст. Рустам Холиқов, раиси Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе рӯзи 25 июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар ин муддат аз тариқи ин фурудгоҳ 368 хазору 517 нафар сафар намуда ва ба 289 ҳазор нафар мусофир ворид шудаанд. Раиси фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гуфт, сари вақт наомадан, осеб дидан ва гум шудани бағоҷ ҳамоно як мушкили доғ боқӣ мемонад ва дар 6 моҳ 898 шикоят ворид шудааст. Дар ин давра 624 ҳодисаи ба таъхир гузоштани парвоз ба кайд гирифта шудааст. Дар маҷмӯъ 134 техника ва таҷҳизоти махсусе, ки барои хизматрасонӣ ба ҳавопаймо пешбинӣ шудааст, баъд аз ҷудо шудани фурудгоҳ аз "Тоҷикэйр" харидорӣ шудааст. Ин таҷҳизот аз Фаронса Испания, Чин харидорӣ шуда ва Тоҷикистон дар Осиёи Миёна нахустин кишварест, чунин таҷҳизотро дорост ва дар ҳолати эхсоси ягон садама, ҳавопаймоҳо имкон доранд то Ӯши Қирғизистон ва Қундузи Афғонистон рафта бирасад.

Раиси Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар бораи қарзҳои ширкати "Тоҷикэйр" гуфт, давоми 4 рӯзе, ки ӯ дар ин симмат фаъолият дорад, тамоми қарзҳои ширкат дар назди кормандонашро пардохт кардааст.

Ӯ афзуд, ки аз ҷумлаи 32 парвози анҷомдода дар ин чанд рӯз, ҳамагӣ як парвоз ба таъхир афодааст. Раиси Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз хабарнигорон хоҳиш кард, ки акнун «Тоҷикэйр»-ро чун як ширкати бехатар тарғиб кунанд. Дар соли 2015 фурудгоҳ тасмим дорад, ки ба сохтмони терминали нави боркашонӣ шурӯъ кунад. Ба гуфтаи масъулони фурудгоҳ, ҳоло онҳо бо ширкати ҶАЙКА-и Ҷопон барои ҷудо намудани маблағи зарурӣ гуфтушунид доранд. Терминали нави фурудгоҳ, ки бо сармояи Фаронса ва ҳукумати Тоҷикистон бо маблағи 40 миллион евро бунёд шуда ва дар як соат фарогирии хизматрасонӣ ба 500 мусофирро дорад, рӯзи 6-уми сентябр ба истифода дода мешавад.

XS
SM
MD
LG