Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши дастаҳои лигаи аввал барои Ҷоми Тоҷикистон


Дар марҳилаи пешакии Ҷоми Тоҷикистон-2014 дар минтақаи Душанбе ҳашт даста ширкат мекунад, ки шаштоаш аз вилояти Хатлон, як даста аз пойтахти кишвар ва як даста аз ноҳияи Рӯдакӣ мебошанд.

Бар асоси қуръакашӣ дар даври аввал «Чашма» бо «Кӯктош», «Ҳосилот» бо «Пахтакор», «Локомотив» бо «Ҳулбук», «Саройкамар» бо «Нури Норак» рақобат мекунанд.

Бозиҳои аввал 30-юми июл, бозиҳои ҷавобӣ 3-юми август баргузор мешаванд. Бозиҳои даври дувум 7-ум ва 11-уми август барпо мегарданд. Ду дастаи беҳтарини минтақаи Душанбе ва се дастаи беҳтарини минтақаи Суғд ба ҳаққи ширкат дар даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон мушарраф мешаванд. 10 дастаи лигаи олӣ аз ҳаштякфинал ба мусобиқа шурӯъ мекунанд.

Қуръакашии даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон моҳи август, замоне ки бозиҳои марҳалаи пешакӣ ба анҷом мерасанд, доир мегардад.

Ҷоми Тоҷикистон-2014

Минтақаи Душанбе. Марҳилаи пешакӣ

Даври аввал. Бозиҳои аввал.

30-юми июл (чоршанбе)

«ЧАШМА» (Шаҳритус) - «КӮКТОШ» (Рӯдакӣ)

Шаҳритус, варзишгоҳи «Пахтакор»

Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).

«ҲОСИЛОТ» (Фархор) - «ПАХТАКОР» (Қабодиён)

Фархор, Варзишгоҳи марказӣ

Сардовар: Аъзам Бӯриев (Қӯрғонтеппа).


«ЛОКОМОТИВ» (Душанбе) - «ҲУЛБУК» (Восеъ)

Душанбе, варзишгоҳи «Локомотив»

Сардовар: Насрулло Кабиров (Нурек).

«САРОЙКАМАР» (Панҷ) - «НУРИ НОРАК» (Норак)

Панҷ, Варзишгоҳи марказӣ

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи пешакии Ҷоми Тоҷикистон-2014 дар минтақаи Суғд дастаи «Эсхата”-и Хуҷанд ба даври 1/8-ниҳоӣ роҳ ёфтааст. «Эсхата” дар бозии ҷавобии давраи пешакӣ бар тими “Зарафшон”-и Панҷакент бо ҳисоби 2-1 пирӯз шуд. Бозии аввал низ бо ғалабаи “Эсхата” бо ҳисоби 6-2 хотима ёфта буд.

Боз ду роҳхати дигар ба даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон дар даври дувуми марҳилаи пешакӣ дар бозӣ байни дастаҳои «Ваҳдат»-и Ашт - «Шаҳристон»-и Шаҳристон ва «Сайҳун»-и Бобоҷон Ғафуров - «Исфара»-и Исфара маълум хоҳад шуд. Бозиҳои даври дувум авоили моҳи август барпо мегарданд.

XS
SM
MD
LG