Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кабирӣ пешниҳод кард майдон бисозад, додгоҳ рад кард


Додгоҳи олии Тоҷикистон шикояти касcатсионии соҳибмулкони бозори «Саховат»-и ноҳияи Турсунзодаро бетағйир гузошт ва аризаи шикоятиро рад кард. Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи ҷумъа ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон дар нимаи дуввуми рӯзи панҷшанбе аризаи шикоятии соҳибмулкони бозори «Саховат» аз болои ҳалномаи додгоҳи Турсунзодаро баррасӣ намуда, даъвои онҳоро рад кард. Вай гуфт, ки дар ин баҳс намояндагони Оҷонсии зидди фасод, ки бар асоси шикояти онҳо фаъолияти бозори «Саховат» қатъ шуд, низ ҳузур доштанд.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва яке аз соҳибмулкони бозори «Саховат» низ дар баҳси додгоҳӣ ҳузур дошта ва барои ҳалли мусолиматомези баҳси мазкур пешниҳод кардаааст, ки агар маҳалли бозори «Саховат» ба шӯъбаи варзиши ин ноҳия тааллуқ дошта бошад, онҳо метавонанд дар ҷои дигар майдони мувофиқе барои шӯъбаи варзиш дуруст кунанд ва бозор фаъол бимонад. Аммо сарфи назар аз ин пешниҳодот, Додгоҳи олӣ қарори худро содир карда, аризаи шикоятии соҳибмулкони бозорро рад намуда, ҳалномаи додгоҳи ноҳияи Турсунзодаро бетағйир гузоштааст. Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи соҳибмулкони бозори «Саховат» мегӯяд, ки дар наздиктарин рӯзҳо алайҳи қарори Додгоҳи олӣ ба Додгоҳи назоратӣ шикоят хоҳад бурд.

Додгоҳи Турсунзода рӯзи 21 апрели соли равон бо ҳалномаи худ тамоми санаду ҳуҷҷатҳои хусусигардонӣ дар мавриди бозори «Саховат»-ро бар асоси шикояти Оҷонсии зидди фасод ғайриқонунӣ шумурда, хусусигардониро бекор кард. Бар асоси ин ҳалнома, объект на ба ҳукумати Турсунзода, балки ба ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамчун клуби варзишӣ тааллуқ доштааст ва он бояд ба ҳолати аввалааш баргардонида шавад. Феълан бозор ба ихтиёри шӯъбаи маорифи ин шаҳр вогузор шудааст.
Бозори «Саховат» бо 670 дӯкон дар шаҳри Турсунзода, 55-километрии ғарбии пойтахт ҷойгир буда, соҳибмулки он Мастура Раҳматуллоева, ҳамсари Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG