Пайвандҳои дастрасӣ

Арсений Ятсенюк дар иҷлосияи Верховная Рада рӯзи 24 июл истеъфои худро бо пароканда шудани эътилофи “Интихоби аврупоӣ” дар парлумон марбут кард.

Хабаргузориҳо аз қавли нахуствазир навиштаанд, ки ба ҷуз шикасти эътилоф монеъагузорӣ дар роҳи қабули қарорҳои ҳукумат ҳам сабру тоқаташро лабрез кардааст.

Сиёсатмадор гуфтааст, ки дар вазъи феълӣ ӯ фақат ду интихоб дорад – яке, таъсиси ҳукумати эътилофӣ бо Ҳизби Коммунист ва Ҳизби манотиқ ва дигарӣ – истеъфо. Ва Арсений Ятсенюк дуввумиро интихоб кард.

Истеъфои нахуствазир маънои истеъфои кобинаи вазирони Украинаро дорад. Аммо бар пояи қонун, ҳама вазирҳо ва раисони кумитаҳо то таъсиси эътилофи нав дар Верховная Рада ба фаъолияти худ идома медиҳанд.

Баъд аз истеъфои Ятсенюк раиси парлумон Александр Турчинов аз вакилон хост, ки номзадҳо ба мақоми нахуствазири техникиро пешбарӣ кунанд. “Ман расман ба ҷиноҳҳое, ки бо ибтикорашон эътилоф барҳам хурдааст, яъне ба “УДАР” ва “Свобода” муроҷиат мекунам, ки номзад ба мақоми нахуствазири техникиро пешбарӣ кунанд, ки то интихоботи нави парлумонӣ раёсати ҳукуматро бар ӯҳда дошта бошад”.

Бар пояи қавонини Украина, агар тӯли як моҳ эътилофи нави парлумонӣ ташкил нашавад, раисиҷумҳур Петро Порошенко ҳақ дорад, ки ваколатҳои Радаро қабл аз вақт қатъ кунад. Николай Томенко, вакили аз ҳизби “Баткившина” ба

хабаргузориҳо гуфтааст, интизор меравад, ки интихоботи нави парлумонӣ дар Украина рӯзи 26 октябр баргузор шавад.

Арсений Ятсенюк дар суханронияш ҳамчунин изҳор намуд, ки вазъи иқтисодии Украина ҳарчӣ мушкилтар мешавад, ҳарчанд ҳукумати ӯ барои пойдор мондани иқтисодиёт талошҳои зиёде ба харҷ дод. Ӯ бо таассуф гуфт, “имрӯз бисёр қонунҳо дар парлумон баҳсу баррасӣ нашуданд ва ҳоло барои пардохти маоши милитсионер, табиб, омӯзгор, барои харидории милтиқ ва рехтани сӯзишворӣ ба зиреҳпӯшҳо дар буҷа маблағ нест”.

Арсений Ятсенюк аз 27 феврали соли равон курсии раиси ҳукумати Украинаро ишғол мекард. Замони нахуствазирии ӯ Русия нимҷазираи Қримро ба ҳайаташ замима кард ва дар шарқи Украина амалиёти зиддитеррор шурӯъ шуд. Арсений Ятсенюк дар ҳоле истеъфои худро эълом дошт, ки задухӯрдҳои нерӯҳои ҳукуматӣ бо ҷудоихоҳони рустабор дар вилоятҳои Донетск ва Луҳанск идома доранд ва артиш ба кӯмаки фанниву низомӣ ва молиявии ҳукумат сахт ниёз дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG