Пайвандҳои дастрасӣ

Нахуствазири Украина аз мақомаш истеъфо дод


Арсений Ятсенюк

Арсений Ятсенюк

Арсений Ятсенюк-нахуствазири Украина аз мақоми худ истеъфо дод. Вай истеъфояшро баъд за он эълон кард, ки ду ҳизби дорои аксарият аз эътилофи порламонӣ хориҷ шуданд, то ба ин тартиб ба Петро Порошенко-раиси ҷумҳур имкон диҳанд, ки порламонро пароканда ва интихоботи нави порламонӣ эълон кунад.

Нахуствазир ҳангоми эълони истеъфои худ ба интиқоди намояндагони порлмон шуруъ кард ва гуфт, онҳо натавонистаанд қонун дар бораи энержиро ба тасвиб расонанд, дар ҳоле ки ба ҷонибдории афзоиши будҷа барои нируҳои мусаллаҳ рай додаанд.

Баъд аз эълони истеъфои Ятсенюк раиси порламон Александр Турчинов аз ҳизбҳои УДАР ва Свобода хост, ки номзади худро ба мақоми нахуствазири муваққат пешниҳод кунанд.

Ҳамин ду ҳизб аз эътилофи порламонӣ хориҷ шуданд ва он заминаи истеъфои Ятсенюкро фароҳам овард.

XS
SM
MD
LG