Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бархе аз сокинони камбизоати ноҳияи Данғара аз он нигаронанд, ки имсол аз манбаи аслии даромади худ маҳрум мешаванд.

Бо расидани мавсими ҷамъоварии писта дар навоҳии нисбатан гарми Тоҷикистон баъзе аз сокинон шиква аз он мекунанд, ки раҳбарони маҳаллӣ барои пистачинии онҳо монеа эҷод мекунанд.

Раҷабалӣ, як сокини ноҳияи Данғара, рӯзи панҷшанбеи 24 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин афрод қабл аз мавсими ҷамъоварии писта бо мақомоти дахлдор созиш мекунанд ва шартномаҳоро мехаранд. Ин аст, ки ба гуфтаи мусоҳиби мо, дар ниҳоят шахсони фақир аз имкони ширкат дар ҷамъоварии писта маҳрум мемонанд.

Ӯ афзуд, «онҳое, ки пул доранд як навъ монополия кардаанд. Онҳо маблағро месупоранд ва барои ҷамъоварии писта иҷозат мегиранд, аммо бо онҳое, ки пул надоранд, хеле дер шартнома баста мешавад. Дар асл набояд чунин бошад.Дар натиҷа афроди доро тамоми пистаҳои хубу бозоргирро ҷамъоварӣ мекунанду боз фоида мебинанд ва аммо мардуми камбағалро ба ҷангалҳо роҳ намедиҳанд ва онҳо ҳайрон мемонанд. Ҳоло аллакай як ҳафта шудааст, ки онҳо ба пистачинӣ шурӯъ кардаанд, дар ҳоле ки пистаҳо ҳанӯз ҳатто хуб пухта нарасидаанд. Вақте мепурсӣ, кӣ иҷозат додаст, ки писта чинед, дар ҳоле ки ба мо чунин иҷозат нест, мегӯянд одами мо фалонӣ аст ва ё ман пулашро додаам».

Одатан мавсими пистачинӣ моҳи август сар мешавад ва ниҳодҳои ҷангалбонӣ ба ҳамаи онҳое, ки дар ҷамъоварии писта ширкат мекунанд, ҳамзамон иҷозаи кор медиҳанд. Мусоҳибони мо мегӯянд, ҳарчанд солҳои қаблӣ низ талошҳои пешдастӣ аз сӯи афроди доро ба мушоҳида мерасид, имсол онҳо мехоҳанд, ҳосили асосиро аз худ кунанд.

Аммо Мустафоқул Султонов, муовини раҳбари Оҷонсии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон, монополия шудани пистачиниро рад мекунад. Ӯ мегӯяд, ки ин афрод бидуни иҷоза ва худсарона ба ҷамъоварии ҳосили норасидаи

Пистаи эронӣ дар дунё харидори зиёд дорад

Пистаи эронӣ дар дунё харидори зиёд дорад

меваи худрӯи кӯҳистонӣ пардохтаанд. Ба гуфтаи ин мақомдор, ин гуна қонуншиканиҳо на танҳо дар ҷангалҳои Данғара, балки дар ноҳияҳои Панҷу Фархор низ ба чашм мерасад.

Ҷаноби Султонов афзуд, «шахсоне, ки қонунро вайрон кардаанд, дастгир мешаванд ва дар нисбаташон санад тартиб дода шуда, қарорҳои маъмурӣ қабул мегардад. Ҳамчунин зараре, ки онҳо ба ҷангал расонидаанд, барқарор карда мешавад. Ҳамасола мо асосан бо сокинони оддии маҳаллӣ шартнома мебандем ва дар ин раванд ҳеҷ монеа вуҷуд надорад».

Ба гуфтаи Мустафоқул Султонов, дар мавсими ҷамъоварии писта Оҷонси хоҷагии ҷангал муваққатан як гурӯҳи сокинонро, ки бо ариза муроҷиат кардаанд, дар асоси шартнома ба кор мепазирад. Аз 30 то 50 дар сади ҳосил ҷамъоварда ба онҳо ҳамчун музди кор дода мешавад.

Дар ҳамин ҳол Раҷабалӣ мегӯяд,”аллакай аз як ҳафта пеш ба ҷамъоварии писта шурӯъ кардаанд ва ҳоло дар зери дарахтон халтаҳои пистаҳои нимпаз гузошта шудаанд".

Ба гуфтаи масъулони Оҷонсии хоҷагии ҷангал, соли гузашта дар ҷангалҳои Тоҷикистон 46 тонна писта ҷамъоварӣ шуд. Аммо онҳо эътироф мекунанд, ки пистаи Тоҷикистон дар баробари пистаи хориҷӣ харидори камтар дорад.

Ёқуб Муродов, нафаре, ки ҳамасола дар ҷамъоварии писта ширкат мекунад, сабаби рақобатпазир набудани пистаи тоҷикиро дар сифати он мебинад. Ӯ мегӯяд, ба иллати он, ки ин пистаҳо пеш аз мӯҳлат чида мешаванд, таъм ва сифати худро гум мекунанд. “Бо он, ки хоҳишмандони ҷамъоварии писта хеле зиёданд, мардуми маҳаллӣ кӯшиш мекунанд ҳарчӣ зудтар ба ҷамъоварии писта оғоз кунанд. Дар ниҳоят онҳо аксаран пистаҳои хомро ҷамъ меоранд. Дар ҳоле, ки писта мағзаш пухта нарасидааст, зуд пуч мешавад ва, албатта, ба таъмаш таъсир мерасонад. Агар пистаи тоҷикӣ баъд аз пухта расиданаш ҷамъоварӣ гардад, бовар дорам таъми ягон пистаи хориҷӣ ба он баробар шуда наметавонад", мутмаин аст мусоҳиби мо.

Зимнан, ҳоло дар бозорҳои пойтахт, як кило пистаи тоҷикӣ аз 70 то 90 сомонӣ нарх дорад ва аммо пистаи тавлиди Эрон бо қимати аз 120 то 130 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Қарор аст, ки имсол дар Тоҷикистон 60 тонна писта ҷамъоварӣ ва миқдоре аз он ба хориҷи кишвар содир шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG