Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пашшакушак ва "масхара"-и низоми додгоҳӣ


Додгоҳи Қазоқистон Евгений Танков- вакили мудофеъро барои задани қозии додгоҳ бо пашшакушак 24 июл ба 3 соли зиндон маҳкум кард. Танковро барои тавҳини қозии додгоҳ муттаҳам медонанд.

Валентина Танкова-модари Танков мегӯяд, ки писараш мехоҳад бар зидди ин ҳукми додгоҳ шикоят барад. 19 март Танков ду пашшакушакро ба сумкааш гузошт ва дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ яке аз онҳоро дар рӯи мизи Арай Алшинбеков-қозии додгоҳ гузошт. Баъдтар вай бо пашшакушаки дасташ чанд бор бар сари қозии додгоҳ зад.

Ин саҳнаҳоро дар камера сабт карданд ва навори видеоӣ дар интернет вокунишҳои гуногун ба бор овард.

Танковро худи ҳамон рӯз боздошт карданд ва вай мегӯяд, ки бо қозии додгоҳ бо пашшакушакҳо ба “ҷанг” даромадааст ва нишон додааст, ки низоми додгоҳии Қазоқистон “масхара” аст.

XS
SM
MD
LG