Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

3 расонаро барои нақзи қонуни реклама ҷарима бастаанд


Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон 3 расонаи хабарӣ ва 5 созмону ширкатро барои нақзи қонуни реклама ҷарима кардааст. Ин ниҳод аз миёни 12 расона телевизиони «Пойтахт», ширкатҳои радиову телевизиони ««Азия – плюс» ва «Ватан»-ро ҷарима баста, дар фаъолияти расонаҳои дигар, назири «Симои мустақили Тоҷикистон», «Телевизиони мустақили тоҷик», «Мавҷи истиқлол», «Регар» ва радиоҳои «Азия – FM» ва «Ориёно – Медиа» камбуде пайдо накардааст.

Абдусамад Раҷабзода, сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ, зимни як нишасти матбуотӣ гуфт, ин рӯйхат моҳи равон боз аз ҳисоби дигар ширкатҳо такмил хоҳад шуд: «Дар дигар субъектҳои хоҷагидорӣ, яъне расонаҳо санҷишҳо идома доранд ва дар ҳолати ошкор шудани камбудиҳо мо чораҳои зарурӣ дида, ҷомиаро огоҳ мекунем»

Бино ба иттилои Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, фаъолияти 10 ширкат низ мавриди санҷиш қарор гирифта, ошкор шудааст, ки ширкату корхонаҳои Умед – 88, «Next View Consulting», «Имон – интернешнл», «Қошғар Нункен» ва гурӯҳи молиявии «Вавилон» ҳамчун рекломдиҳанда талаботи моддаҳои мухталифи Қонуни Тоҷикистон дар бораи рекламаро нақз кардаанд. Созмону ширкатҳои молиявӣ - «Арванд», «Эсхата», Finca, «Созидание» ва «Восток» аз ин санҷишҳо бидуни ҷарима берун омаданд.

Ҳамчунин се ширкат – Умед – 88, Имон – интернешнл ва Гурӯҳи молиявии «Вавилон» тибқи моддаи 25 – и Қонун дар бораи реклама, яъне дар вақти талабшуда ба мақомоти давлатӣ пешниҳод накардани ҳуҷҷат, ҷарима баста шудаанд.

XS
SM
MD
LG