Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қирғизистон тавоноии тавлидотии Қабарота-1 ро боло бурд


Сохтмони Қамбарота-1

Сохтмони Қамбарота-1

Ҷоомарт Оторбоев-нахуствазири Қирғизистон дар нишасти хабарие дар Бишкек гуфт, ки сохтмони ниругоҳи барқи обии Қамбарота-1 дар рӯдхонаи Норин барои сармоягузорон 3 миллиард доллар тамом мешавад.

Вай гуфтааст: “Ҳукумат тасмим гирифтааст, ки барои ин ниругоҳ сарбанди баландтаре сохта шавад, зеро самарбахшии ин ниругоҳ бештар хоҳад шуд”

Пештар Қирғизистон ва Русия тасмим гирифтанд, ки сарбанди ниругоҳи Қамбарота-1 ва садди чаҳор ниругоҳи дигарро дар болооби рӯдхонаи Норин ҳамроҳ бисозанд. Бино ба ризояти ҷонибҳо, даромад аз тавлиди нируи барқро Қирғизистон ва Русия баробар тақсим хоҳанд кард.

Оторбоев гуфтааст, ки ҷониби Қирғизистон дар ин бора ба "Интер РАО ЕЭС" бар асоси қарордод дархост ва ба ҳукумати Русия шароити техникии сохтмонро фиристодааст.

Акнун тибқи тарҳи нав тавоноии тавлидотии Қамбарота-1 1860 мегаватро ташкил медиҳад, ки нисбат ба тарҳи пешин хеле бештар аст ва аз ниругоҳи Токтогул, ки бузургтарин ниругоҳ дар Қирғизистон ба шумор меравад, якуним баробар зиёд аст.

Тавоноии тавлидотии ниругоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон тибқи тарҳи пешбинишуда 3200 мегавтро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG