Пайвандҳои дастрасӣ

Бишкек барои даромадан ба Иттиҳодияи Гумрукӣ 5 сол вақт мехоҳад


Тоирбек Сапашев

Тоирбек Сапашев

Қирғизистон мегӯяд, ки то соли 2020 вақт зарур аст, то корҳои омодагӣ барои даромадан ба узвият дар Иттиҳодияи Гумрукиро такмил кунад. Тоирбек Сарпашев-муовини нахуствазир 24 июл ба хабаргузории Интерфакси Русия гуфт, аз оғози соли 2015 ба Бишкек 5 соли дигар зарур аст, ки дар чанд марҳила корҳои омодагӣ ба узвиятро анҷом диҳад.

Пештар мақомоти ин кишвар мегуфтанд, ки Қирғизистон дар соли 2014 ба узвияти Иттиҳодияи Гумрукӣ медарояд. Алмазбек Атамбоев-раиси ҷумҳури Қирғизистон 29 май бо раисони ҷумҳури кишварҳои узв, яъне бо Владимир Путин, Нурсултон Назарбоев ва Александр Лукашук харитаи роҳи қабули Қирғизистон ба ин иттиҳодияро имзо карда буданд.

Ҳукумати Қирғизистон 24 июл гуфт, ки 25 июл дар Бишкек мақомоти расмии Қазоқистону Қирғизистон масъалаҳои узвияти Бишкек дар ин созмонро баррасӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG