Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷасадҳои бештари қурбониёнро ба Ҳолланд интиқол медиҳанд


Интизор меравад, ки 24 июл ҷасадҳои бештари қурбониёни ҳавопаймои Малайзия ба Ҳолланд интиқол дода шавад. Як рӯз пеш 40 ҷасадро ду ҳавопаймои низомӣ ба шаҳри Ейндховен дар ҷануби кишвар интиқол доданд ва дар маросими вижа дар фурудгоҳ ин ҷасадҳоро пазироӣ карданд.

Тақрибан 1000 нафар хешовандони қурбониён, Виллем Александер-шоҳи Ҳолланд, малика Максима, Марк Рутте-нахуствазир ва намояндагони кишварҳои дигар, ки шаҳрвандонашонро дар ин парвоз аз даст доданд, дар ин маросим ҳузур доштанд.

Парчамҳои 11 кишвар, ки шаҳрвандонашон қурбон шудаанд, дар фурудгоҳ ба ҳолати нимаафрошта дароварда шуда буд. Дар Ҳолланд як дақиқаи сукут эълон карданд. 24 июл 74 ҷасади дигарро ба Ҳолланд меоранд.

Дар ҳамин ҳол, низомиёни Украина мегӯянд, ки 23 июл ду ҳаврпаймои низомии онҳоро аз қаламрави Русия дар шарқи Украина задаанд.

XS
SM
MD
LG