Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

163 корхона ба кор даромад, 247 корхона аз кор монд


Шавкат Бобозода
Шавкат Бобозода

Тибқи иттиллои Шавкат Бобозода, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, "дар шаш моҳи аввали соли 2014 дар кишвар ҷамъ 163 корхона ва коргоҳҳои нав бо 2875 ҷои корӣ таъсис дода шудаанд." Аммо дар айни замон 247 корхонаи саноатӣ дар нимаи аввали сол кор накардааст.

Ҷаноби Бобозода, ки рӯзи 24 июл дар нишасти хабарии ин вазорат сӯҳбат мекард, бештари корхонаҳо ва коргоҳҳои нав дар вилояти Суғд, ки шуморааш 72 адад аст, бунёд ёфтаанд. Ба ин тартиб дар нимсолаи нахусти соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 46 корхона ва коргоҳ, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ - 18 адад, шаҳри Душанбе - 17 ва вилояти Бадахшон 10 корхона ва коргоҳҳо таъсис шудааст.

Тибқи омори расмӣ, дар нимаи аввали сол ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ беш аз 4 миллиард сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба як соли пеш 3 дарсад бештар аст.

Шавкат Бобозода гуфт, ки имсол истихроҷи тилло дар кишвар 1141 киллоро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 57 килограмм бештар аст. Ҳамчунин ба гуфтаи ҷаноби Бобозода, "дар ин давра истихроҷи нуқра низ 43 кило афзуда, 943, 6 киллограммро ташкил дод.

Ба гуфтаи вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, ҳоло куллияи корхонаҷоти саноатии кишвар бо сементи ватанӣ таъмин ҳастанд. Ҷаноби Бобозода инро натиҷаи фаъолияти босуръати корхонаҳои сементи ватанӣ донист.

XS
SM
MD
LG