Пайвандҳои дастрасӣ

Керрӣ: Исроил ва ҲАМОС ба хатми зуди низоъ мутмаин нестанд


Дар се минтақаи навори Ғазза рӯзи чаҳоршанбе оташбаси муваққат ба хотири интиқоли маҷрӯҳон ба бемористон эълон шуд. Намояндаи Салиби Сурх Сесилия Гоин ба хабаргузории Франс-пресс гуфт, ки мошинҳои ин созмони башарӣ ба минтақаҳои Шуҷоя, Хузаа ва ба канори Хон-Юнус роҳ ёфтанд. Созиш дар бораи интиқоли маҷрӯҳон ҳам бо Исроил ва ҳам бо ҲАМОС ҳосил шуда буд.

Баъд аз оташбаси муваққат даргириҳо идома ёфтанд ва онҳо аз ҷумла як сарбози исроилӣ кушта шуд.

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, рӯзи 23 июл гуфт, ки аз чанд гом барои ҳосил шудани оташбас миёни Исроил ва гурӯҳи ҲАМОС кор мегирад, аммо ҷонибҳои даргир ба хатми зуди низоъ мутмаин нестанд. Ҷон Керрӣ ба хотири мусоидат ба оташбас вориди минтақа шудааст.

Аз ин пеш раҳбари Идораи ҳуқуқи башари СММ ҳадс зад, ки Исроил дар навори Ғазза ҷинояти низомӣ содир кардааст. Хонум Навӣ Пиллай рӯзи 23 июл дар нишасти фавқулоддаи Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар Женева аз сӯи артиши Исроил хароб шудани манзилҳои зисту куштори кӯдакони фаластиниро шадидан маҳкум намуд. Ӯ мушакандозии мусаллаҳони ҲАМОС ба шаҳрҳои Исроилро ҳам маҳкум кард.

XS
SM
MD
LG