Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳолномаи Саидмукаррам Абдулқодирзода


Саидмукаррам Абдулқодирзода дар ноҳияи Восеъ дар хонаводаи зиёӣ ба дунё омадааст. Мактаби миёнароо дар ин ноҳияи хатм карда, ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил мешавад. Пас аз ин барои таҳсил ба Покистон меравад ва Донишгоҳи байналмиллалии исломии Исломободро хатм мекунад. Пас аз даргузашти Амонуллоҳ Неъматзода, муфтии собиқи Тоҷикистон дар таърихи 6-уми сентябри соли 2010 ӯ раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон таъйин шуд. То ин дам дар Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ва Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон вазифаҳоеро бар дӯш доштааст. Ҳоло ӯ ҳамзамон бо муфтии Тоҷикистон будан, инчунин имоматии масҷиди Марказии шаҳри Душанберо низ бар дӯш дорад.

XS
SM
MD
LG