Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Керрӣ барои оташбас миёни Исроил ва ҲАМОС талош мекунад


Ҷон Керрӣ ва Ас-Сисӣ
Ҷон Керрӣ ва Ас-Сисӣ

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки аз чанд гом барои ҳосил шудани оташбас миёни Исроил ва гурӯҳи ҲАМОС кор мегирад, аммо «корҳои зиёде ҳам бояд анҷом шаванд».

Изҳороти ӯ рӯзи 23 июл дар Байтулмуқаддас қабл аз музокирот бо Дабири кулли СММ Бан Ки Мун пахш шуд. Ин музокирот як бахши талошҳо барои хатми даргириҳо дар навори Ғазза мебошад.

Тайи беш аз ду ҳафта, ки амалиёти артиши Исроил дар Ғазза идома дорад, беш аз 600 фаластинӣ ва 29 исроилӣ, аз ҷумла, ду сокини осоишта кушда шуданд.

Ҷон Керрӣ аз боз намудани ҷузъиёти талошҳои дипломатияш худдорӣ намуд. Як рӯз қабл ӯ мавзӯи бӯҳрон миёни Исроилу Фаластинро дар мулоқот бо раисиҷумҳури Миср Ас-Сисӣ баррасӣ карда буд.

Дар ҳамин ҳол раҳбари Идораи ҳуқуқи башари СММ ҳадс зад, ки Исроил дар навори Ғазза ҷинояти низомӣ содир кардааст. Хонум Навӣ Пиллай рӯзи 23 июл дар нишасти фавқулоддаи Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар Женева аз сӯи артиши Исроил хароб шудани манзилҳои зисту куштори кӯдакони фаластиниро шадидан маҳкум намуд ва гуфт, нозирони СММ ба иддаои ҳукумати Исроил дар мавриди талошҳояш барои дифоъ аз мардуми осоиштаи навори Ғазза шубҳа мекунанд. Ӯ мушакандозии мусаллаҳони ҲАМОС ба шаҳрҳои Исроилро ҳам маҳкум кард.

XS
SM
MD
LG