Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порошенко қонун дар бораи сафарбарсозӣ ба артишро имзо кард


Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина, рӯзи 23 июл тарҳи қонун дар бораи қисман ба артиш сафарбар кардани шаҳрвандонро имзо кард. Бар пояи қонуни нав, аз даъват ба артиш фақат донишҷӯён ва аспирантҳое, ки рӯзона таҳсил мекунанд, озоданд. Қонун рӯзи чаҳоршанбе дар сомонаи интернетии раисиҷумҳури Украина нашр шуд.

Рӯзи сешанбе 232 вакили Верховная Рада барои тасдиқи амри раисиҷумҳур дар бораи қисман ба артиш сафарбар кардани шаҳрвандон раъй доданд.

Дабири Шӯрои амнияти миллӣ ва мудофиаи Украина Андрей Парубий изҳор намуд, ки дар ҷараёни сафарбарсозӣ 59 қисми низомӣ ба ҳолати ҷангӣ оварда мешаванд. Аммо ӯ аз дақиқ кардани теъдоди умумии шаҳрвандоне, ки ба артиш сафарбар мешаванд, худдорӣ кард.

Дар қонуни нав зарурати қисман барои хизмати ҳарбӣ сафарбар кардани шаҳрвандон бо «паҳн шудани терроризм дар шарқи кишвар» рабт дода шудааст, ки он боиси ҳалокати мардум шуда, ба якпорчагии Украина таҳдид мекунад.

Аз ин пеш Петро Порошенко даъвати гурӯҳе аз вакилони парлумон барои дар кишвар ҷорӣ намудани вазъи низомиро рад кард. Ба гуфтаи ӯ, ин вакилон то куҷо барои Украина паёмади манфӣ доштани эълони вазъи низомиро дарк намекунанд.

XS
SM
MD
LG