Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хамес Родригес расман ба дастаи "Реал" гузашт


Дастаи футболи «Реал»-и Мадрид рӯзи 23 июл расман эълом дошт, ки футболбози колумбиягӣ Хамес Родригес аз ин баъд дар ин даста бозӣ хоҳад кард.

Дар маросими муаррифии футболбози нав дар варзишгоҳи "Сантьяго Бернабеу" 30 ҳазор аз мухлисони «Реал» ҳузур доштанд. Родригес, ки 23 сол дорад, аз ин пеш дар дастаи «Монако» бозӣ мекард.Гуфтушунид дар бораи ба тими «Реал» гузаштани ӯ баъд аз анҷоми Бозиҳои Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол дар Бразилия шурӯъ шуда буданд.

Қарор аст, ки Хамес Родригес шаш соли оянда бо пироҳани «Реал» рӯи чамани футбол барояд. Раҳбарони яке аз беҳтарин дастаҳои футболи олам барои ин бозигар 80 миллион евро пардохт карданд. Родригес ҳамасола 5 миллион евро маош хоҳад гирифт.

Зимнан, панҷ сол пеш дар маросими муаррифии Криштиан Роналду дар варзишгоҳи "Сантьяго Бернабеу" 80 ҳазор аз мухлисони «Реал» ҷамъ омада буданд.

XS
SM
MD
LG